Марк Аврелий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Марк Аврелий Антонин
лот. Marcus Aurelius Antoninus
Ritratto di Marco Aurelio, 161-180 ca. collez. albani.JPG
Императори Рим
7 марти 161 — 17 марти 180
Совместно с Лусий Вер (7 марти 161 — январь 169),
Коммод (177 — 17 марти 180)
Пешгузашта Антонин Пий
Ҷонишин Коммод

Таваллуд 26 апрел 121(0121-04-26)
Рим
Даргузашт 17 март 180(0180-03-17) (58 сол)
Мадфан
Ҷинс Антонинҳо
Ном ҳангоми таваллуд Марк Анний Вер
Падар Marcus Annius Verus[d]
Модар Domitia Calvilla[d]
Ҳамсар Faustina the Younger[d][1]
Фарзандон Commodus[d], Marcus Annius Verus Caesar[d], Annia Aurelia Galeria Faustina[d], Fadilla[d], Lucilla[d], Annia Cornificia Faustina Minor[d], Vibia Aurelia Sabina[d], Titus Aurelius Fulvus Antoninus[d] ва Domitia Faustina[d]
Фаъолият фалсафа
Эътиқод ancient Roman religion[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Марк Авре́лий Антони́н (лот. Marcus Aurelius Antoninus; 26 апрели 121, Рим17 марти 180, Виндобона) — императори Рими Қадим (аз соли 161).

Ҳукумрониҳо[вироиш]

Аз овони ҷавонӣ майл ба фалсафа дошт. Амакаш Антоний Пий (императори Рим аз соли 138) Аврелийро соли 138 ба писархондӣқабул кард ва аз соли 146 Аврелий пайваста бо амакаш ҳукмро­нӣ менамуд. То соли 169 ҳамроҳи додарандараш Лутсий Вер ҳукмронӣ кардааст. Ҳукмронии вай охирин давраи осудаи сулолаи антониниҳо ба шумор меравад. Сиёсати дохилии Аврелий бо ҳамфикрӣ бо сенат, намояндагони дастгоҳи давлатии империя фарқ мекард. Соли 162 исёне, ки дар Британия сар зад, пахш карда шуд, солҳои 162 – 166 дар натиҷаи ҷанг бо Парфия назорат аз болои Осроена ва Арманистон барқарор карда шуд. Мутаассифона, сипоҳиён ба Империя марази гузарандаи ваборо оварданд, ки то соли 189 идома ёфт. Қариб тамоми мӯҳлати ҳукмрониашро Аврелий дар Дунай, ки ҷангҳои Маркоманӣ давом доштанд (166 – 180), гузарондааст.

Муборизаҳо[вироиш]

Аврелий бо мушкилӣҳамлаҳои доимии сарматҳову маркоманҳо, квадҳову вандалҳоро рафъ намуда, соли 172 музаффарият ба даст овард ва дар Рим сутуни 30-метраеро дар майдони ҳарб бино кард. Баъд аз аввалин музаффарият хост, ки дар гирду атрофи Дунай вилоятҳои нав ташкил кунад, аммо исёни дар Миср саршуда (175) [[[Авидия Кассия]]] халал расонд ва Аврелий соли 178 аз нав ба тарафи Дунай, шаҳри Виндобон (ҳозира Вена) раҳсипор шуд. Он ҷо зидди германиягиҳо ҷангид ва баъдтар аз бемории вабо фавтид. Асари фалсафии «Дар танҳоӣ дар рӯҳияи истодагарӣ ва мутеъ шудан ба тақдир навишта шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]